188 нафар аз хатар наҷот дода шуданд

№21 (4441) 15.02.2022

IMG_0128Соли 2021 дар қаламрави ҷумҳурӣ 359 ҳодисаи фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар 59 ҳолат ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар зарари моддӣ расид. Дар натиҷаи офатҳои табиӣ 42 нафар ба ҳалокат расида, дар маҷмӯъ, 1274 манзили истиқоматӣ зарар дид. Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни 758 баромади фаврӣ 188 нафарро аз ҳар гуна хатар, аз ҷумла 44 нафарро аз ғарқшавӣ, наҷот доданд. Дар ин бора раиси кумита Рустам Назарзода зимни нишасти матбуотӣ, ки нуҳуми феврали соли ҷорӣ баргузор шуд, хабар дод.

Иттилоъ дода шуд, ки кумита оид ба таҳкими ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба бо шарикони хориҷӣ, намояндагони дипломатии муқими Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода чораву тадбирҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва амалӣ меандешад. Дар ин давра роҳбарияти кумита бо роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ 43 мулоқот доир намуд.

Ҳамчунин, соли сипаришуда миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон Созишномаи ҳамкорӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳодисаҳои фавқулода ба имзо расида, бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо аввалин марҳилаи сохтмони Маркази миллии омӯзишӣ барои омода намудани наҷотдиҳандагон дар ноҳияи Шаҳринав оғоз гардид.

Дар доираи татбиқи Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳо бо дастгирии Бонки осиёӣ таҷҳизоти муосири радиолокатсионӣ ва бинои нави Хадамоти зидди жола дар шаҳри Ҳисор ба истифода дода шуд.

Зикр гардид, ки лоиҳаи «Тафоҳумнома миёни кумита ва Шӯрои амнияти миллии Раёсати миллии ҳолатҳои фавқулода, буҳронӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиии Амороти Муттаҳидаи Араб» ва лоиҳаи ҳусни тафоҳум миёни кумита ва Департаменти ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табиии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Туркия дар самти идораи ҳолатҳои фавқулода ва эътино дар марҳилаи омодагӣ қарор дорад.

Рӯзибойи УМАР,

 «Садои мардум»