Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода 12 феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки соли гузашта 121 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардид ва тибқи тартиби муқарраргардида 76-тои он қабул карда шуд.
- Дар натиҷаи татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ» 1973 субъекти соҳибкорӣ аз мораторий бархӯрдор гардиданд. Дар натиҷаи баргузории 44 ҳамоиши соҳибкорию сармоягузорӣ 245 санади ҳамкорӣ ба маблағи 6,7 миллиард сомонӣ ба имзо расонида шуд, — гуфт Фаррух Ҳамрализода.
Алҳол — афзуд ӯ, — шумораи субъектҳои соҳибкорӣ аз 158 ҳазори соли 2007 ба 315,9 ҳазор дар соли 2018 расидааст. Соли гузашта барои амалӣ намудани 12 лоиҳа бо шарикони рушд 15 созишномаи нави сармоягузорӣ ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ имзо шуд, ки аз ин ҳисоб барои рушди соҳаи нақлиёт 1,17 миллиард сомонӣ, энергетика-830 миллион, кишоварзӣ-430 миллион, хоҷагии манзилию коммуналӣ 390 миллион сомонӣ равона карда хоҳад шуд. Инчунин, ба ҷумҳурӣ 6,1 миллиард сомонӣ ё 645 миллион доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ворид гардид, ки 3 миллиард сомонӣ ё 326 миллион доллари он сармояи мустақим мебошад.
- Соли 2018 тавассути Фонди дастгирии давлатии соҳибкорӣ 14 лоиҳа ба маблағи 40,8 миллион сомонӣ дастгирӣ карда шуд, — гуфт дар хотима Фаррух Ҳамрализода.
С. СУННАТӢ,
«Садои мардум»