Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наим Мансурзода 18 январи соли равон зимни нишасти матбуотӣ доир ба фаъолияти солонаи Суди Олии иқтисодӣ ва зерсохторҳои он маълумот дод. Бино ба гуфти ӯ, соли 2016 дар маҷмӯъ 3080 парванда ва арзу шикоятҳо баррасӣ шудаанд, ки нисбат ба соли 2015-ум 1155 парванда зиёд мебошад.
Сабаби афзоиши муроҷиатҳоро номбурда ба баланд шудани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон рабт дод. Дар ин давра ба фоидаи даъвогарон 2009 683 242 сомонӣ рӯёнида шудааст. Аз маблағи мазкур 439682320 сомонӣ ба фоидаи давлат рӯёнида шудааст, ки нисбат ба як соли пеш 31,8 фоиз зиёд мебошад.
- Бо мақсади татбиқи қонунҳо, аз ҷониби судҳои иқтисодӣ дар 35 ҳолат ҷамъбасти амалияи судӣ гузаронида, аз натиҷаи онҳо барои додани тавзеҳоти дастурӣ ба судҳо қарорҳои Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои таъминоти судҳои иқтисодӣ» ва «Дар бораи баъзе масъалаҳои татбиқи қонунгузорӣ оид ба гарав» таҳия ва қабул шудаанд,- гуфт Наим Мансурзода.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»