Аз нишастҳои матбуотӣ

20 фоиз зиёд шудани нафақаи меҳнатӣ ва иҷтимоӣ

№20 (4760) 12.02.2024

6Дар ин бора муовини директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Наимӣ Аламхон Қодирӣ дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, чунин гуфта: «Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми феврали соли 2023 таҳти №526 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» аз 1-уми июли соли 2023, аз ҷониби агентӣ нафақаи суғуртавӣ ба андозаи сатҳи таварруми ду соли охир 16 фоиз индексатсия шуда, нафақаҳои меҳнатӣ ва иҷтимоӣ 20 фоиз зиёд карда шуд».

Маълум гардид, ки қисми хароҷоти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар соли 2023-юм 3 млрд. 670,6 млн. сомонӣ муайян шуда, нақша пурра иҷро гардид. Аз ҷумла, талабот барои пардохти нафақа дар соли 2023-юм 3 млрд.356,6 млн. сомониро ташкил намуда, пурра таъмин шуд.

Доир ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми июни соли 2023 таҳти №586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» зикр шуд, ки пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ ғайринақдӣ пардохт мегардад.

Тилло НЕКҚАДАМОВ,

«Садои мардум»