Аз нишастҳои матбуотӣ

2023 барои соҳаи варзиш бобарор буд

№24 (4764) 21.02.2024

ГУЛАХМАДЗОДАДар нишасти матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 12-уми феврал дастоварди варзишгарони ҷумҳурӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ назаррас арзёбӣ гашт.

Таъкид шуд, ки бори нахуст варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои махсуси тобистонаи олимпии Берлин-2023 ду медали тилло, Бозиҳои осиёӣ дар риштаи ҷудо 3 медал — тилло, нуқра ва биринҷӣ, дар 19-умин Бозиҳои осиёӣ – Ҳангжоу 7 медал – 2 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ ба даст оварданд. Бори нахуст футболбозони дастаи мунтахаби мамлакат дар мусобиқаи Ҷоми Осиё ширкат варзида, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфтанд ва обрӯи миллату кишварро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштанд.

Оид ба татбиқи самараноки самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон раиси кумита Зулфиқор Гулаҳмадзода изҳор намуд, ки кумита якҷо бо сохторҳои маҳаллӣ, ташкилотҳои соҳа ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо фарогирии беш аз 1 миллиону 600 ҳазор нафар 22073 хониши сиёсӣ баргузор намуд. Натиҷаи назарраси ин иқдом коҳиш ёфтани сатҳи ҷинояткории ҷавонон (18,2 фоиз) ва ноболиғон (32,7 фоиз) арзёбӣ гардид.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»