Соли 2020-ум 11798 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор шуд. Ин нуктаро раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода 5 феврал зимни нишасти матбуотӣ зикр кард. Бино ба гуфти ӯ, нисбат ба 10449 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода, ашхоси гунаҳкор 5 128 940 сомонӣ ҷарима шуданд.
Соли сипаришуда 2058 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуд. Аз ин 952 гектар (аз ҷумла обӣ — 744 гектар) ба намуди замини корам гузаронида шуда, дар 1106 гектар (обӣ — 651 гектар) боғу токзори нав бунёд гардид.
- Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2009-2020 барои бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин намудани эҳтиёҷмандон ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо 30933,63 гектар замин ҷудо гардида, то январи соли 2021-ум 22006,81 гектар ба 236746 эҳтиёҷманд (57 дарсади оилаҳои ниёзманд) тақсим гардид, — зикр кард Ориф Хоҷазода.
Дар ин давра аз ҷониби корхонаҳои минтақавии бақайдгирӣ 42885 ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замин, аз он 4954 хоҷагии деҳқонӣ, 194 хоҷагии иловагии ёрирасон, 32012 қитъаи замини наздиҳавлигӣ, 590 дигар намуди хоҷагидории кишоварзӣ, 5135 қитъаи замини зери сохтмон ва эҳтиёҷоти дигар ба қайди давлатӣ гирифта шуда, заминистифодабарандагон бо Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии замин таъмин гардидаанд.
Ш. Солеҳ,
«Садои мардум»