- Кумита бо мақсади самаранок татбиқ намудани сиёсати давлатии ҷавонон ва барномаҳои қабулгардида бо ду усул — назариявӣ ва амалӣ фаъолиятро ба роҳ мондааст, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода.
Дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ беш аз 7500 хониши сиёсӣ доир шуд. Дар ин давра аз ҷониби кумита, сохторҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳои зертобеъ, инчунин, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон чорабиниҳои хусусияти назариявидошта дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон бо фарогирии 353544 нафар баргузор шуд.
Зикр гардид, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон дастгирии иҷтимоии ҷавонон буда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар ин давра ба 2667 нафар кумаки иҷтимоӣ расонида шуд.
Аз ҷониби кумита ва федератсияҳои варзишии ҷумҳурӣ 569 варзишгар, аз ҷумла 108 бону, ба 28 мусобиқаи варзишии сатҳи байналмилалӣ сафарбар шуда, ба хазинаи варзишии кишвар 207 медал, аз ҷумла 55 тилло, 52 нуқра ва 103 биринҷӣ, ворид гардид. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 67 медал (12 тилло, 20 нуқра ва 35 биринҷӣ) зиёд мебошад. Дар ин мусобиқаҳо ба шарофати дастоварди варзишгарони тоҷик 210 маротиба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта ва 55 маротиба Суруди Миллӣ садо додааст.
- Варзишгарони тоҷик дар бозиҳои олимпии имсола дар шаҳри Парижи Фаронса тавонистанд се медали бозиҳои олимпиро ба даст оранд, ки дастоварди онҳо дар таърихи варзиши тоҷик беназир аст, — афзуд Ш. Раҳимзода.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»