Аз нишастҳои матбуотӣ

236 довталаби унвони илмӣ ноком шуданд. Чаро?

№26 (4766) 26.02.2024

DSC_8790- Аз оғози фаъолият барои дарёфти дараҷаҳои илмӣ чанд парвандаи аттестатсионӣ ва диссертатсия ворид гаштааст? Оё ҳамаи онҳо тасдиқ шуданд? Саволҳое буданд, ки зимни нишасти матбуотӣ журналистон аз раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода посух пурсиданд.

Маълум гардид, ки теъдоди парвандаи аттестатсионӣ ва диссертатсияҳои бо ин мақсад воридгардида 2328 адад буда, аз ин шумора 196 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм, 1953 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва 179 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) — доктор аз рӯйи ихтисос мебошад. Аз шумораи умумии парвандаҳои воридшуда 1692 диссертатсия тасдиқ шудааст, ки аз он 144 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм, 1436 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва 112 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-flOKTop аз рӯйи ихтисос мебошад.

Дар маҷмӯъ, 236 қарори шуроҳои диссертатсионӣ доир ба додани дараҷаи илмӣ, бинобар ҷавобгӯ набудан ба талаботи муқарраршуда бекор карда шудааст. Аз 236 диссертатсияи радшуда 116-тоашро диссертатсияҳои ба забони тоҷикӣ ҳимоя­шуда ва 120-тоашро диссертатсияҳои ба забони русӣ ҳимояшуда ташкил медиҳанд.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»