- Соли 2019 ҳайати Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бо устодони дорои унвонҳои илмӣ ва ҳунарӣ пурра гардид, — изҳор намуд зимни нишасти матбуотӣ ректори он Муҳриддин Низомӣ. — Айни замон дар донишкада 95 доктор, номзади илм, ҳунармандони мардумӣ ва ҳунарпешагони шоиста фаъолият менамоянд.
Мавсуф дар идома гуфт, ки соли сипаришуда 6 монография, 36 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои илмӣ ба нашр расид. Илова бар ин, маҷмӯаи «Се соли рушди ҳунару истеъдод», ки фаъолияти гуногунҷабҳаи донишкадаро тӯли солҳои 2017-2019 дар бар мегирад, аз чоп баромад.
Соли 2019 донишкадаро 399 нафар, аз ҷумла, 26 кас бо дипломи сурх хатм намуданд. Тибқи тақсимот дар ин давра 173 хатмкунанда ба ҷойҳои кор роҳхат гирифтанд. Донишкада дар ин давра бо 26 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид.
Дар тӯли сол ба китобхонаи донишкада 2328 китоб илова шуд ва кормандони китобхона ба 17948 хонанда хизмат расонидаанд.
Н.НИЗОМӢ, «Садои мардум»