28,3 километр соҳил мустаҳкам карда шуд

№21 (4441) 15.02.2022

DSC_0806Соли 2021 идораҳои беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо бо 61050 истифодабарандаи об шартнома имзо карда, онҳоро бо 4 миллиарду 181,6 миллион метри мукааб об, ба маблағи 79,77 миллион сомонӣ таъмин намуданд. Дар ин бора директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод Раҳмон ҳаштуми феврал зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Бино ба гуфти ӯ, истифодабарандагон 81 дарсади маблағи оби даст­расшударо пардохт карданд. Бинобар ин, соли 2021 бақияи қарз аз ин ҳисоб 14,9 миллион сомонӣ афзуда, бо дарназардошти қарзи солҳои пеш 159,47 миллион сомониро ташкил дод.

- Соли гузашта тавассути пойгоҳҳои обкашӣ ва чоҳҳои амудӣ бо истифодаи 8,9 миллион кВт/соат неруи барқ дар як шабонарӯз аз тариқи 424 дастгоҳи обкашӣ ва 67 чоҳи амудӣ, кишоварзонро бо об таъмин намуданд. Бинобар таҷдиди дастгоҳҳои обкашӣ, нисбат ба як соли пеш 1,4 миллион кВт/соат қувваи барқ кам истифода шуда, 47,7 миллион метри мукааб зиёдтар об дастрас гардид.

Пардохти маблағи истифодаи неруи барқ 39,88 миллион сомониро ташкил додааст, ки 34 дарсади маблағи барқи истифодашуда мебошад. Қарзи идораҳои зертобеи агентӣ аз истифодаи қувваи барқ 266 миллион сомониро ташкил медиҳад, — зикр кард ӯ.

Дар ин давра ба маблағи 15,9 миллион сомонӣ корҳои сохтмониву васлкунӣ ба иҷро расида, 570 гектар замини нав аз худ карда шуд. Илова бар ин, таъминоти оби 1620 гектар замин беҳтар ва 200 гектар замини аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барқарор гардид. Дар давраи мавриди назар, дар доираи «Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо ба дарозии 28,3 км бо харҷи 121,3 миллион сомонӣ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида шуд, ки баробари 141 дарсади нақша мебошад.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

 «Садои мардум»