Нишастҳои матбуотӣ

28 бинои нави таълимӣ – самараи татбиқи ду барнома

№91 (3728) 29.07.2017

1Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ҳоло дар доираи ду барнома фаъолият дорад. Марҳилаи сеюми татбиқи «Барномаи фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ» ва «Барномаи сохтмони мактабҳо ва инфрасохтори мувофиқ дар гурӯҳи ноҳияҳои Рашт», ки муҳлати ниҳоии онҳо охири соли равон муайян шудааст. Ин нуктаро директори иҷроияи ниҳоди мазкур Шералӣ Сиддиқзода 26 июл, зимни нишасти матбуотӣ, зикр кард.

Номбурда, инчунин иброз дошт, ки дар доираи марҳилаи сеюми лоиҳа бинои мактабҳои корношоямро, ки дар айни замон низ барои таҳсил истифода мегарданд, ба биноҳои нави аз ҷиҳати харҷи энергия ва истифодабарӣ ба мақсад мувофиқ ва каммасраф иваз кардан пешбинӣ шудааст. Минтақаҳои фарогири марҳилаи сеюм ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Хуросон, Бохтар, Ховалинг, Шамсиддин Шоҳин, Муъминобод ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мебошанд.

Ба гуфти Ш. Сиддиқзода, маблағи умумии барномаҳои мазкур 11,7 миллион долларро ташкил медиҳад, ки аз ин 7,4 миллион доллар барои вилояти Хатлон ва 4,3 миллион доллар ба ноҳияҳои минтақаи Рашт пешбинӣ шудааст.

Дар доираи барномаҳо сохтмони 28 бинои нави таълимӣ пешбинӣ шуда, онҳо аз 8 то 10 синфхона иборат мебошанд.

Ҷ. САБОҲИДДИН,

 «Садои мардум»