Хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» дар нишасти матбуотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки 8-уми феврали соли ҷорӣ баргузор шуд, иҷрои дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси муайян кардани захираи растаниҳои шафобахш ва дар сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъсис додани Пажӯҳишгоҳи омӯзиши растаниҳои шифобахшро ба миён гузошт. Президенти Академияи миллии илмҳо Фарҳод Раҳимӣ гуфт, ки кор дар ин самт аллакай оғоз гардида, сохтор, макони ҷойгиршавӣ, воҳиди корӣ низ муайян шудааст ва он соли ҷорӣ таъсис меёбад.
Дар хусуси растаниҳои шифобахш зикр шуд, ки дар қаламрави кишвар беш аз 5 ҳазор гуногунии биологӣ мавҷуд аст, аммо то ба ҳол хусусияти шифоии 140 — тои он омӯхта шудааст.
Зикр гардид, ки соли 2022 олимони академия таҳқиқотро аз рӯи 114 мавзӯъ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст овардаанд. Олимони соҳаи астрофизика ҷирмҳои кайҳонӣ — астероидҳо, кометаҳо, радифҳо, партовҳои кайҳонӣ ва ситораҳои навро мушоҳида намуданд. Дастоварди олимони соҳаҳои математика, химия, физика ва география низ назаррас арзёбӣ гардид.
Олимон соли 2022 барои дастовардҳояшон 28 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 15 қарори мусбат оид ба гирифтани патенти ҷумҳуриро ба даст овардаанд.
Дар ин муддат барои истифода 20 коркарди олимон ба истеҳсолот пешниҳод шуд.
Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»