Аз нишастҳои матбуотӣ

28 ширкат соҳиби иҷозатнома гардиданд

№21 (4283) 16.02.2021

DSC_3043- Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи назарсанҷии маҷаллаи байналмилалии «Lonely Planet» дар байни 10 минтақаи беҳтарини саёҳат ва сафар ба Шоҳроҳи бузурги абрешими Осиёи Миё­на дар мақоми аввал қарор гирифта, маҷаллаи сайёҳии бритониёии «Вандерласт» дар соли 2020 муъҷизаҳои зебои табиӣ — ­пиряхи Федченко, Гармчашма, Искандаркӯл, кӯли Сарез, долони Вахон, Қарокӯл ва Чапдараро барои боздиди сайёҳон тавсия дод, — зикр кард дар нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода.

Ӯ ҳамчунин, гуфт, ки соли 2020 шумораи ширкатҳои сайёҳӣ ба 224 адад расида, нисбат ба соли гузашта 22-то зиёдтар аст. Шумораи меҳмонхонаҳо 6 адад афзуда, теъдоди субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ низ 10-то зиёд шудааст. Дар давоми сол ба 28 ширкат иҷозатномаи фаъолият дода шуд. Бо сабаби паҳншавии бемории ҳамагири COVID-19 шумораи меҳмонони хориҷӣ, аз ҷумла, нафароне, ки тибқи методологияи ҷаҳонии сайёҳӣ мақоми сайёҳро доранд, хеле кам гардид. Агар соли 2019 шумораи меҳмонон 740 ҳазор нафарро ташкил дода бошад, соли 2020 410 ҳазор кас меҳмони кишвар гардида, 386 ҳазор нафарашон сайёҳ эътироф шудаанд.

Барои ҷалби бештари меҳмонони хориҷӣ ба кишвар ва таъмини рушди соҳаи сайёҳӣ айни ҳол 54 ширкати ватанӣ  бо 36 ширкати хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ доранд. Кумита аз оғози фаъолият бо 9 мамлакат, аз қабили Амороти Муттаҳидаи Араб, Шри-Ланка, Шоҳигарии Ҳошимии Урдун, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қазоқистон, Федератсияи Россия, Конфедератсияи Швейтсария, Фаронса ва Кувайт созишномаҳои ҳамкорӣ ва ёддошти тафоҳумро ба имзо расонидааст.

- Ба тайёр намудани кадрҳои баландихтисос таваҷҷуҳ хоса аст. Айни замон дар 20 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ 2972 нафар аз рӯи 15 ихтисос ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, — изҳор намуд Т.Ҷӯразода.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»