- Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби 8 нозироти давлатӣ ва 3 нозироти комплексии назорати бехатарии саноатӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар корхона ва иншооти бақайдгирифташуда 117 назорати техникӣ гузаронида шуд, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ 27-уми июли соли равон сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон Санъат Раҳим.
Номбурда, илова намуд, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар корхонаву иншооти мавҷуда 100 назорати нақшавӣ ва 17 назорати ғайринақшавӣ гузаронида шуд, ки ҳангоми гузаронидани назорати техникӣ нозирони хадамот 902 банди вайронкуниҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ошкор карда, барои бартараф кардани камбудиҳо дар корхонаҳои зериназоратӣ 117 санад-нишондод ва 7 нишондод оид ба боздошти кор пешниҳод гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки дар шаш моҳи аввали соли 2023 166 нафар шахси ҳуқуқӣ, мансабдор ва воқеии корхонаҳои бақайдгирифташуда ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, 890 ҳазору 204 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.
Тибқи тартиби муқарраргардида, дар доираи ваколатҳо ба корхонаву ташкилот ва иншооти бақайдгирифташуда 83 иҷозатномаи намудҳои фаъолият, 56 шаҳодатнома барои хариди маводи тарканда, 30 шаҳодатнома барои истифодабарии анборҳои маводи тарканда ва 84 иҷозат барои иҷрои корҳои таркишӣ дода шудааст.
Ҳамчунин, дар корхонаву иншооти зериназоратии хадамот дар давраи ҳисоботӣ 30 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 26 нафар ҳалок ва 21 нафар захмӣ шуданд.
- Сабаби асосии ҳодисаҳои нохуш ин бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо дар ҷойи ҳодиса, беаҳамиятии ҷабрдидагон ҳангоми кор бо иншооти хатарнок, риоя нагардидани қоидаҳои бехатарии саноатӣ дар рафти кор бо иншооти истеҳсолии хатарнок, риоя накардани технологияи коркарди кон, ҳамчунин надоштани мутахассисони соҳавӣ мебошад, — афзуд Санъат Раҳим.
Ҳ. ТОҲИРӢ,
«Садои мардум»