Аз нишастҳои матбуотӣ

300 донишҷӯи ДТҶТ аъзои дастаҳои мунтахаби кишваранд

№21 (4283) 16.02.2021

DSC_6670- Имсол барои Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмуъмин Раҳимов соли таърихӣ аст. Дар баробари 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 50- солагии донишкадаро таҷлил хоҳем кард, — иброз намуд дар оғози нишасти матбуотӣ 10 феврали соли ҷорӣ ректори он Шодӣ Сафаров. Маълум гардид, ки ба ин санаҳои муҳим омодагӣ ҷиддӣ буда, конфронси байналмилалӣ, мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбо ва якчанд чорабинии сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад.

Толори нави варзишӣ мавриди истифода қарор гирифта, бунёди синфхонаҳои иловагӣ, аз ҷумла, чор синфхонаи компютерӣ барои духтарон, дар назар аст. Илова бар ин, китоби мусаввар таҳти унвони «Боргоҳи азамати варзиши миллат» нашр мегардад.

Дар донишкада айни ҳол 16 кафедра мавҷуд буда, 302 омӯзгор фаъолият мекунанд. Теъдоди донишҷӯён ба 7587 расидааст. Раванди таълим дар он, ба талабот ҷавобгӯ буда, донишазбарнамоии донишҷӯён  дар кафедраҳои тахассусӣ 88 фоиз ва дар кафедраҳои гуманитарӣ 82 фоизро ташкил мекунад.

- 300 донишҷӯи донишкада аъзои дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намудҳои гуногуни варзиш мебошанд. Бинобар сабаби пандемия бисёр мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, ки бояд донишҷӯёни донишкада низ дар онҳо ширкат меварзиданд, баргузор нашуданд. Бо вуҷуди ин, онҳо иштирокчии фаъоли 130 чорабинии варзишӣ буданд ва дастовардҳояшон арзандаи ситоиш аст, — гуфт Шодӣ Сафаров.

К. БУРҲОНИДДИН,

«Садои мардум»