Аз нишастҳои матбуотӣ

3137 парванда баррасӣ гардид

№20 (4760) 12.02.2024

12Соли 2023 аз ҷониби марҳилаҳои якуми суд­ҳои иқтисодӣ, коллегияҳои кассатсионию назоратӣ ва раёсати Суди Олии иқтисодӣ, дар маҷмӯъ, 3137 парванда мавриди баррасӣ қарор гирифта, доир ба 1587 адади он ҳалномаи судӣ қабул гардид.

144 парванда қатъ ва 221 ариза бе баррасӣ монда, қабули 16 ариза рад карда шудааст. Қисми зиёди парвандаҳо ба масъалаҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҷудо кардани саҳмияҳои замин ва рӯёндани маблағҳои соҳибкорӣ марбут мебошанд.

Дар давраи ҳисоботӣ зимни муроҷиат бо аризаҳои даъвогӣ ва шикоятҳо ба судҳои иқтисодӣ 4407 856,33 сомонӣ боҷи давлатӣ пардохт карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 19 848,68 сомонӣ зиёд мебошад.

Имсол бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон шудааст. Баланд бардош­тани маърифати ҳуқуқию сиёсии шаҳрвандон яке аз самтҳои асосии фаъолияти Суди Олии иқтисодӣ маҳсуб меёбад. Соли гузашта ба ин мақсад 362 вохӯрӣ доир карда, дар воситаҳои ахбори омма 190 мақолаҳои илмию оммавӣ ба нашр расониданд. Имсол ҷиҳати тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон нақша-чорабинии махсус таҳия гардидааст.

Дар ин бора ва дигар паҳлуҳои фаъолияти мақомоти мазкур ҳаштуми феврал зимни нишасти матбуотӣ раиси Cуди Олии иқтисодии Тоҷикистон Рустам Мирзозода маълумот дод.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»