Аз нишастҳои матбуотӣ

3248 нафар барои қонуншиканӣ дар соҳаи замин ба ҷавобгарӣ кашида шуданд

№86 (4192) 16.07.2020

Прокуратура (2)- Кормандони мақомоти прокуратура вобаста ба назорати иҷрои қонунҳо ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд 3399 санҷиш гузаронида, ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 16632 санади эътиноии прокурорӣ татбиқ ва аз натиҷаи баррасии онҳо 23950 нафарро ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддию маъмурӣ кашида, 1692 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карданд, — гуфт 14 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон.

Бино ба гуфти ӯ, риояи қонунгузории замин дар маркази диққати мақомоти прокуратура қарор дорад. Ҷиҳати бартараф намудани қонуншиканиҳо дар ин самт 2219 санади эътиноии прокурорӣ татбиқ ва 3248 нафар ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида шуда, 513 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 6286,2 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шудааст.

- Муфаттишони прокуратура тафтиши 1903 парвандаи ҷиноятиро ба охир расонда, 1788 адади онро барои баррасӣ ба суд ирсол карданд. Дар рафти тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ 47,4 млн. сомонӣ зарар, аз ҷумла, 5,8 млн. сомонӣ ба манфиати давлат, барқарор гардид. Прокуророн дар баррасии 3990 парвандаи ҷиноятӣ иштирок намуда, ба санадҳои судӣ 196 эътирози хусусию кассатсионӣ ва назоратӣ овардаанд.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»