Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафарбек Давлатзода 31-уми январи соли 2023 дар нишасти матбуотӣ аз ҷумла қайд намуд: «Беҳтар кардани ҳолати мелиоративии замин пешгирӣ кардани шӯршавӣ, ботлоқзоршавӣ ва дигар омилҳои таъсиррасон боиси ба даст овардани ҳосилнокии баланди зироатҳои кишоварзӣ гардида, дар таъмини амнияти озуқавории кишвар нақши муҳим мебозад. Ин тадбирҳо, пеш аз ҳама, барои беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардуми кишвар ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат мебошад. Таъкид гардид, ки рушди соҳаи кишоварзӣ бидуни тараққӣ додани мелиоратсия ғайриимкон аст.
Агентӣ баҳри бо оби полезӣ таъмин намудани кишоварзон, азхудкунии заминҳои нави обёришаванда, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ ва гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соли 2022 корҳои муайянро анҷом дод.
Бо ин мақсад лоиҳаҳои «Беҳтар намудани идоракунии захираҳои об дар вилояти Хатлон» (солҳои 2020 – 2025), «Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ» (солҳои 2016 – 2024) ва «Системаи обёрии ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ тобовар ва навсозии заҳкашу заҳбурҳо дар ҳавзаи дарёи Вахш» (солҳои 2022 – 2027) ба маблағи 135, 282 миллион даллари ИМА татбиқ шуда истодааст.
Дар давраи мавриди назар дар доираи «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2027» 617 гектар замини нав аз худ карда шуда, 3281 гектар замини аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барқарор ва ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуд.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»