Аз нишастҳои матбуотӣ

38 муроҷиат мусбат ҳал шуд

№96 (4516) 02.08.2022

Umed-Bobozoda- Дар нимсолаи якуми соли равон ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 835 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 253 адад камтар аст, — гуфт Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода зимни нишасти матбуотӣ 1 августи соли равон.

Зикр гардид, ки аз муроҷиатҳои воридшуда 38 адади онҳо мусбат ҳал шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки муроҷиатҳои хаттӣ тибқи таснифот бештар ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла ҳуқуқ ба манзил 19 адад, ҳуқуқи инсон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ — 16, таъминоти иҷтимоӣ — 15, ҳуқуқи шахсони аз озодӣ маҳрумшуда — 11, муҳокимаи одилонаи судӣ — 7, дастрасӣ ба иттилоот — 5, дахлнопазирии шахсӣ, озод будан аз зӯроварӣ 4 ададро дар бар мегиранд.

Муроҷиатҳои шифоҳӣ бештар ба ҳуқуқ ба замин 24 адад, ҳуқуқ ба манзил — 22, ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ — 17, ҳуқуқ ба муошират — 12, ҳуқуқ ба сатҳи кофии зиндагӣ — 8, ҳуқуқи инсон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ — 6, ҳуқуқ ба меҳнат — 5, ҳуқуқ ба таҳсил 3 адад рабт дошта, ба муроҷиаткунандагон маслиҳат дода шудааст.

Ҳ. ТОҲИРӢ

«Садои мардум»