Дар нишасти матбуотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 2 августи соли ҷорӣ баргузор гашт, бештар ба дастирӣ ва ҳавасмандгардонии донишҷӯдухтарон, таъмини бонувон бо ҷойи кор, ба идораи давлатӣ ҷалб намудани онҳо, тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон ва ғайра таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
- Кумита якҷоя бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Маркази таълимии ихтисос ва бозомӯзии кормандони системаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ» курси такмили ихтисоси занони роҳбарикунандаро барои кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории вазорат баргузор намуд, — изҳор дошт раиси кумита И. Қосимзода. — Дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ ва минтақаи Рашт оид ба вазъи ба мансабҳои роҳбарикунанда пешбарӣ намудани занону духтароне, ки тибқи квотаи президентӣ таҳсилоти олӣ гирифтаанд, мониторинг гузаронда шуд. Илова бар ин, дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои духтарони лаёқатманд курси омӯзишии «Зан – роҳбар»-ро доир намуд, ки онро 37 нафар хатм намуда, соҳиби гувоҳнома гардиданд.
Кумита бо мақсади ҳавасманд гардонидани нафарони аълохони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар соли хониши 2018 барои 20 нафар идрорпулӣ муқаррар намуд.
Инчунин, ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2015,№45 «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2016 — 2020» озмуни грантҳои президентиро барои соли 2018 эълон ва 397 лоиҳа ба Комиссияи дахлдор пешниҳод гардид.
Н. НИЗОМӢ, «Садои мардум»