- Дар шаш моҳи аввали соли равон аз 104 корхонаҳои саноатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ 17 корхона истеҳсоли маҳсулотро кам ва 57 корхона зиёд намудааст. Дар умум, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 493,8 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 176,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад, — изҳор дошт муовини раиси ноҳия Манижа Аминзода 25 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ.
Нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии умумӣ 114,1 фоиз иҷро гардида, ба буҷет ба ҷои 491,3 миллион сомонӣ 560,4 миллион сомонӣ ворид шуд, ки ин аз нақша 69,1 миллион сомонӣ ва дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 93,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи буҷети маҳаллӣ 113,1 фоиз иҷро гардида, 96,8 миллион сомонӣ ворид шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 11,2 миллион сомонӣ зиёд аст. Аз буҷети маҳаллӣ дар ин давра 94,1 миллион сомонӣ харҷ гардид, ки 100 фоизи нақшаи шашмоҳаи соли ҷориро ташкил медиҳад.
Номбурда афзуд, ки дар ноҳия 16 муассисаи тандурустии ҷумҳуриявӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ амал мекунад ва дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ба соҳа 6 миллиону 117,9 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шудааст.
Дар шаш моҳи соли 2024 барои пешгирии ғасби худсаронаи замин дар ноҳия корҳои муайян ба сомон расида, 40 ҳолат ошкор шуд.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»