Аз нишастҳои матбуотӣ

412 корхона аз фаъолият бозмонданд. Чаро?

№17-18 (4437-4438) 08.02.2022

ШералиВазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 38,8 млрд. сомонӣ расонид, ки суръати афзоиш нисбат ба соли 2020-ум 122 дарсадро ташкил дод. Ин нуктаро вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикис­тон Шералӣ Кабир 2 феврал зимни нишасти матбуотӣ зикр кард. Нишондиҳандаи мазкур байни ИДМ баландтарин мебошад.

Бино ба гуфти ӯ, дар давраи мавриди назар аз ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ 50 дарсад ба саноати коркард, 28,6 дарсад ба таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво, 10,3 дарсад ба саноати истихроҷ ва 0,5 дарсад ба соҳаи таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастраси коркарди дуюмдараҷа рост меояд.

- Тибқи маълумоти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, соли 2021 дар кишвар 309 корхонаву коргоҳ бо 5130 ҷойи кор сохта, ба истифода дода шудааст.

Сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ аз рӯи навъҳои фаъолияти иқтисодӣ то 1 январи соли 2022 дар соҳаи саноат зиёда аз 5,6 млрд. сомониро ташкил дода, 4 млрд. 484,1 млн. сомонӣ ба саноати истеҳсол ва тақсимоти неруи барқ, 988,8 млн. сомонӣ ба саноати коркард ва 166, 3 млн. сомонӣ ба саноати истихроҷ рост меояд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳаҷми сармоягузорӣ нисбат ба соли 2020 дар соҳаи истихроҷ 55,2 млн. сомонӣ зиёд гардидааст,- изҳор дошт вазир.

Иттилоъ гирифтем, ки то 1 январи соли 2022-юм 2386 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин давра 412 корхона фаъолият накардааст, ки 322-то корхонаи мавсимӣ ва 90-то корхонаи аз фаъолият бозмонда мебошад.

Сабаби асосии фаъолият накардани корхонаҳо, муфлисшавӣ мавҷудияти қарз, баҳс дар бобати амвол бо бонкҳо, фарсудашавии таҷҳизот, аз ҷумҳурӣ рафтани роҳбари корхона (шаҳрванди хориҷӣ), надоштани бино ва қитъаи замин арзёбӣ шуд.

Мафтунаи ҲИСОРӢ,

 «Садои мардум»