- Дар шаш моҳи аввали соли 2023 ба шуъбаю бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб 7903 нафар шахси бекор муроҷиат намуданд, ки аз ин шумора 4867 нафар ба ҷои кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъмин шуданд, — гуфт 28-уми июли соли 2023 зимни нишасти матбуотӣ сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар минтақаи Кӯлоб Ҷӯрабек Қурбонзода.
Зикр шуд, ки дар ин давра ба 982 нафар бекори дар қайди шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб ба маблағи 774 ҳазору 660 сомонӣ кумакпулӣ пардохт гардид.
- Барои иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қоидаҳои ташкили низоми тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор» 1392 хоҳишманд дар филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳри Кӯлоб, ба курсҳои махсуси кӯтоҳмуддат ҷалб гардиданд, — гуфт Ҷ. Қурбонзода.
Иттилоъ дода шуд, ки дар шаш моҳи аввали соли равон 107 ярмаркаи ҷойҳои холии кор ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, 920 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Дар ин давра ба 183 нафар шаҳрванди бекоре, ки хоҳиши фаъолияти соҳибкорӣ доранд, 874 ҳазору 955 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шуд.
Ба саволи хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» дар минтақаи Кӯлоб»: «Чанд нафар ҷавонони аз хизмати ҳарбӣ баргашта бо кумакпулӣ таъмин гардиданд?», Ҷӯрабек Қурбонзода чунин посух дод: — Ба 906 нафар ҷавони аз хизмати ҳарбӣ баргашта 704 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ дода шуд.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»