Аз нишастҳои матбуотӣ

5,5 ҳазор ҷойи нишаст дар як сол

№19 (4759) 09.02.2024

FARKHOR NISHASTРаиси ноҳияи Фархор Зариф Назирӣ 6-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки соли 2023 бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ дар назди муассисаҳои таълимии ноҳия 5 ҳазору 500 ҷойи нишаст ташкил гардид ва мушкилоти норасоии ҷойи нишаст пурра бартараф карда шуд.

Айни ҳол дар ноҳия 66 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 муассисаи типи нав, 2 литсей, 2 гимназия ва як парваришгоҳи наздимактабӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 42 ҳазору 600 хонанда ба таълим фаро гирифта шудаанд. Дар баробари ин, дар ноҳия 10 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 785 тарбиятгиранда, 145 гурӯҳи маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 4069 нафар фаъолият менамоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2023 дар ноҳия муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 3, 25, 28, 54 ва синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 56 зимни сафари кории Сарвари давлат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Фархор мавриди истифода қарор дода шуданд.

- Соли 2023 барои сокинони ноҳия соли хубу хотирмон буд. Дар ин давра дар 12 деҳа ба масофаи 9,51 км роҳҳои маҳаллӣ ба маблағи 6118,6 ҳазор сомонӣ мумфарш, 17,5 км роҳи 13 деҳаи ноҳия ба маблағи 384,9 ҳазор сомонӣ пурра сангфарш  ва ҳудуди 5 деҳаи дигар ба масофаи 4,9 км чароғон гардид, — изҳор дошт Зариф Назирӣ.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»