Аз нишастҳои матбуотӣ

5 миллион сомонӣ ба шахсони бекор кумак карда шуд

№ 10.08.2023

ac05419da566de97d94423ce1cf6bbae- Дар давраи ҳисоботӣ ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 76175 нафар шаҳрванд муроҷиат намуда 38726 нафар бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд,- гуфт зимни нишасти матбуотӣ муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Давлатзода рӯзи 10-уми август.

Номбуда афзуд, ки дар доираи амали «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 4428 нафар шаҳрванди ба ҳимояи махсуси иҷтимоӣ ниёздошта бо ҷойҳои кории аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бандшуда бо кор таъмин гардиданд.

Масъулини Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешбурди фаъолияти соҳибкории шаҳрвандони бекор дар ин давра аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба 1335 нафар шаҳрванди бекор наздик ба маблағи 5 миллион сомонӣ кумаки молиявӣ дода шуд.

Ҳамчунин, барои дастгирии соҳибкории занон ва ҷавонон ба 775 нафар зан ба андозаи 2 млн. 844,3 ҳазор сомонӣ ва ба 508 нафар ҷавон — 1,9 млн. сомонӣ ва барои эҳёи намудҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ ба 501 нафар шаҳрванд ба андозаи 1,8 млн. сомонӣ кумаки молиявӣ пардохт гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ дар муассисаҳои таълимии касбии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва дигар муассисаҳои таълимии дар ҷумҳурӣ фаъолиятдошта 45 ҳазору 932 нафар ба курсҳои кӯтоҳмуддати тайёрии касбӣ ва тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсия ҷалб гардиданд.

Аз 15 ҳазору 403 нафар муҳоҷири меҳнатии ба Ватан бозгашта 5533 нафари онҳо бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, 8811 нафар ба тайёрии касбӣ, 93 нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар шуданд.

Тибқи маълумоти расмии сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират дар охири семоҳаи якуми соли 2023-ум 663 ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон дорои патенти амалкунанда гардиданд.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»