Аз нишастҳои матбуотӣ

500 номгӯи маҳсулот содирот мешавад

№28 (4611) 22.02.2023

СОДИРОТ4- Агентии содирот бо мақсади афзоиши содироти маҳсулоти ватанӣ бо намояндагони бахши хусусӣ, корхонаҳои истеҳсолкунандаи намак, сангу филизоти қиматбаҳо, ангишт, обҳои нӯшокӣ ва ташнагишикан, тухм, гӯшти паранда, ангур, гелос ва ширкатҳои логистикӣ ҳамкориро ба роҳ монда истодааст,- гуфт директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода.

Дар ин давра Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 110 мамлакати дуру наздики хориҷӣ савдои хориҷиро ба роҳ монда, соли гузашта содироти 500 номгӯи маҳсулотро ба 52 кишвари дунё анҷом дод. Тибқи маълумоти оморӣ, дар соли 2022 гардиши савдои хориҷӣ 7 миллиарду 309 миллион долларро ташкил медиҳад. Бояд қайд намуд, ки қисми назарраси содироти маҳсулоти саноатӣ аз ҳисоби маъдану консентратҳо – консентрати мис, руҳ, сурма ва филизоти ишқорӣ ба амал омадааст. Дар ин давра содироти маҳсулоти кишоварзӣ 54 миллиону 299 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 48,3 дарсад зиёд мебошад. Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон 27-уми январи соли 2022 содироти тухми мурғ, бо назардошти таъмини бозори дохилӣ дастур дода шуд. Дар натиҷа, соли 2022-юм 23,4 миллион дона тухми паранда содирот шуд. Инчунин, дар давраи мавриди назар 66,7 тонна пиёзи барвақтӣ ба маблағи 6769,1 ҳазор доллар содирот гардид.

Хабарнигорон аз баландшавии бесобиқаи нархи пиёз нигаронӣ карданд. Баҳриддин Сироҷиддинзода баландшавии нархи пиёзро ба сармои ногаҳонӣ рабт дода, ёдовар шуд, ки айни замон содироти пиёз муваққатан манъ шудааст.

М. Абдухолиқ,

 «Садои мардум»