Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода аз рӯи 11 забон ва 31 ихтисос дар зинаи бакалавриат, 5 ихтисос дар зинаи магистратура ва 5 ихтисос дар зинаи докторантура мутахассис омода мекунад. Ин нуктаро ректори донишкада Ҷило Гулназарзода зимни нишасти матбуотӣ, ки ҳаштуми феврал баргузор шуд, зикр кард. Ӯ гуфт, ки донишкада дорои 5 факултет, шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ва 16 кафедра буда, 5162 нафар донишҷӯ таҳсил менамоянд. Номбурда доир ба ҳайати кадрии донишкада маълумот дода, аз ҷумла зикр кард, ки аз 428 корманд 152 нафар ҳайати роҳбарикунанда, кормандони техникӣ ва хоҷагидорӣ, 196 профессору омӯзгорони асосӣ ва 52 нафар ҳамкорони берунӣ мебошанд. Муҳим он аст, ки 56 дарсади кормандонро занон ташкил медиҳанд.
- Дар давраи ҳисоботӣ дар донишкада 6 шаҳрванди хориҷӣ ба сифати омӯзгор фаъолият намуданд, ки ду нафар шаҳрванди Корея, ду нафар аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ва як нафарӣ аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Ҷопон мебошанд.
Дар ин давра 572 шаҳрванди хориҷӣ аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Туркманистон, Афғонистон, Қирғизистон ва Федератсияи Россия ба таҳсил фаро гирифта шуданд.
Ҳамчунин, ду нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Мексика курси пурраи омӯзиши забони тоҷикиро ба анҷом расониданд, ки ба онҳо сертификат дода шуд, — гуфт Ҷило Гулназарзода.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»