Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов Шодӣ Сафаров 20 июли соли равон дар нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки чанде пеш се нафар донишҷӯи донишкада дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонон дар шаҳри Тошканд соҳиби медал гардиданд. Дар он мусобиқаи бонуфуз Абдумалик Болтаев дар вазни 75 кило ҷои дуюм, Муҳаммад Аброриддинов дар вазни 92 кило ҷои дуюм ва Расул Аҳадов дар вазни 67 кило ҷои сеюмро ишғол намуданд.
- Донишҷӯи соли чоруми факултети тарбияи ҷисмонӣ Ҳақназар Назаров дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини кураш дар вазни 90 кило соҳиби медали нуқра гардид. Дар маҷмӯъ, 560 нафар донишҷӯи донишкада дар навъҳои гуногуни варзиш узви дастаи яккачини мамлакат мебошанд,- гуфт Шодӣ Сафаров.
Соли равон донишкадаро 1000 донишҷӯ хатм намуда, 200 нафарашон бо роҳхат ба шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо фиристода шуданд. Дастпарварони донишкада соҳиби рутбаҳои ҳарбӣ шуда, дар қисмҳои низомӣ низ ба кор қабул гардиданд. Хатмкардагони ихтисоси «Воқеанигори варзиш» бошад, дар шабакаҳои телевизионии «Сафина», «Варзиш», радиои «Тоҷикистон» ва ғайра фаъолият мекунанд.
Соли равон ба донишкада 2500 нафар ҳуҷҷат супориданд, ки 208 нафарашон духтаронанд. Алҳол дар ин муассисаи таҳсилоти олӣ 156 нафар духтар таҳсил мекунанд.
Аз миёни донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов 128 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошанд. Соли равон донишкадаро 22 нафар донишҷӯ аз Ҷумҳурии Туркманистон хатм намуданд.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»