Аз нишастҳои матбуотӣ

5721 номгӯй маҳсулоти доруворӣ ва тиббӣ аз муомилот гирифта шуд

№20 (3970) 19.02.2019

DSC_48318 феврали соли 2019 зимни нишас­ти матбуотӣ вазири тандурус­тӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода бештар оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, муоширати кормандон бо беморон ҳангоми расонидани кумаки аввалияи тиббӣ, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карданд, маълумот дод. Ӯ аз тағйиру иловаҳое, ки ба кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба фаъолияти табибон ва дорусозон ворид гардиданд, ёдовар шуда, иброз намуд, ки мақсад аз он боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти мутахассисони соҳа мебошад.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки соли 2018 дар муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ ҳангоми табобати беморон 95 усули муосири ҷарроҳӣ истифода гардид. Дар маҷмӯъ, 1624 амалиёти ҷарроҳӣ дар дилу рагҳо, 1434 — ангиография, 418 амалиёти ангиопластика ва стентгузорӣ сурат гирифт.

Ҳангоми санҷиш аз муассисаҳои фармасевтӣ, табобатию профилактикӣ 5721 номгӯйи доруворӣ ва молҳои тиббӣ аз муомилот гирифта шуда, бо иштироки комиссияи махсус 160269 кг маҳсулоти доруворӣ, ороишию гигиенӣ, молҳои тиббӣ ва ғизои қалбакии ба тариқи қочоқ воридгардида бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуд.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»