5722 ҷои нави кор таъсис ёфта, 1261 нафар ба шуғл фаро гирифта шуданд

№ 25.07.2022

Sami-SHarif21 июли соли ҷорӣ аз рӯи ҷамъбас­ти фаъолияти нимсола дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимиятии давлатиии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нишас­ти матбуотӣ доир гардид. Зимни он раиси ноҳия Самӣ Шариф иттилоъ дод, ки тайи шаш моҳи аввали соли  соли равон нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии умумӣ ба андозаи 105,3 фоиз иҷро гардида, ба буҷет ба ҷои 410 млн. сомонӣ, 431 млн. 600 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст. Ин нишондод аз нақшаи пешниҳодгардида 21 млн. 600 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 23 млн.100 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Зикр гардид, ки дар ин давра қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ ба ҷои 83 млн. 562 ҳазор сомонӣ, 83 млн. 210 ҳазор сомонӣ харҷ гардидааст, ки 99,6 фоизи нақшаи шашмоҳаро ташкил медиҳад.

Зимни нишасти матбуотӣ масъалаи муҳими баррасишуда таъсиси ҷойҳои нави кор, шахсони расман бекор, ярмаркаҳои ҷойҳои холии кор ва вазифаҳои озод буд.

- Аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар ноҳия 5 ҳазору 722 ҷои нави кор таъсис дода, 5 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои холии кор доир гардид, ки тибқи онҳо 1261 нафар бекорон дар 122 ташкилоту муассиса бо ҷои кори доимӣ таъмин гаштанд, — илова кард Самӣ Шариф

Таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ музди миёнаи меҳнат дар ноҳия 3 ҳазору 568 сомонию 89 дирамро ташкил дода, ҳама ташкилоту корхонаҳои буҷетии ноҳия пурра бо маош ва нафақа таъмин гардиданд.

Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки дар Раёсати агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳия 10 ҳазору 89 нафар нафақахӯр ба қайд гирифта шуданд, ки дар давраи ҳисоботӣ талаботи нафақаи онҳо 29 млн. 700 ҳазор сомониро ташкил додааст. Тайи шаш моҳи аввали соли ҷорӣ андозаи миёнаи нафақа дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 464 сомонию 18 дирамро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 сомонию 53 дирам зиёд шудааст.

Ҳ. ТОҲИРӢ,

«Садои мардум»