- Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав 672 нафар, аз ҷумла, 29 профессору доктори илм, 142 номзади илму дотсент ва 387 саромӯзгору ассистент, дар 45 кафедра фаъолият доранд. Ҳамчунин, 33 устод ба фаъолият ҷалб шудаанд, ки бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидаанд, — иттилоъ дод ректори донишгоҳ Сайфиддин Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ, ки ҳаштуми феврали соли ҷорӣ баргузор гардид.
Ӯ гуфт, соли 2020-ум 20 устоди донишгоҳ рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя намуданд, ки шаш таҳқиқоти дар ин самт анҷомдода ба кафедраҳои равияҳои табииву риёзӣ рост меоянд.
Соли гузашта 125 донишҷӯ аз тариқи онлайн дар олимпиадаи байналмилалӣ аз рӯи ихтисосҳои математика, физика, химия, информатика ва забони русӣ иштирок карда, 20 нафари онҳо ба даври сеюм роҳхат гирифтанд. Дар баробари ин, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» фаъолона иштирок намуда, ҳафт нафарашон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд.
Имсол дар донишгоҳ панҷ ихтисоси нав, аз қабили омӯзгорӣ, иқтисодӣ, сиёсат ва идораи давлатӣ, фалсафа ва иқтисодиёти ҷаҳон ташкил шуд. Дар маҷмӯъ, донишгоҳ аз рӯи 66 ихтисос барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат мутахассис тайёр мекунад.
Дар 12 факултети донишгоҳ аз 16 шаҳру ноҳия 574 донишҷӯ тибқи Квотаи президентӣ машғули таҳсиланд, ки 358 нафари онҳо духтарон мебошанд.
Сулаймон Султонов,
«Садои мардум»