- Соли 2022 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 1191 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла 362 муроҷиати хаттӣ, 825 — электронӣ ва се муроҷиати телефонӣ ба қайд гирифта шудааст, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода.
Номбурда иброз дошт, ки муроҷиати хаттӣ тибқи таснифот бештар ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, аз ҷумла ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқи инсон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳуқуқ ба сатҳи кофии зиндагӣ, ғамхории волидайн ва дар оила тарбия гирифтан, ҳуқуқи инсони аз озодӣ маҳрумшуда, ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ, ҳуқуқ ба муҳокимаҳои одилонаи судӣ, ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот, ҳуқуқ ба замин ва ғайраҳо марбут буданд.
Масъулин иттилоъ доданд, ки аз 518 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ба дастгоҳи марказӣ воридгардида 38 муроҷиат мусбат ҳал гардид.
Дар давраи мавриди назар дар намояндагиҳо ва қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 673 муроҷиат ба қайд гирифта шудааст, ки 122 муроҷиати хаттӣ ва 551 муроҷиати шифоҳӣ мебошад.
22 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҷониби сохторҳои маҳаллии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон қабул гардида, мусбат ҳал шуд.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,
«Садои мардум»