Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Мирзозода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки соли 2024 аз ҷониби мақомоти судӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 1435 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардида, 1409 нафар ба маблағи 11 миллиону 95 ҳазору 560 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.
Зикр гардид, ки бо мақсади амалӣ намудани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби судҳо 27 ҳазору 782 парванда нисбат ба вайронкунандагони ин қонун баррасӣ шуд. Дар натиҷа, ба 4135 нафар ҷазои огоҳӣ дода шуда, нисбат ба 23 ҳазору 670 нафар ҷарима ба маблағи умумии 6 миллиону 31 ҳазору 831 сомонӣ таъин гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки судҳои кишвар соли 2024 аз рӯи ҳамаи парвандаҳо маблағи боҷи давлатӣ, ҷарима, мусодираи молу мулк, зарари ба давлат расонидаро ба маблағи 125 миллиону 606 ҳазору 63 сомонӣ рӯёнида, ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид намуданд.
Ф. АБДУЛҲАКИМОВА,
«Садои мардум»