Аз нишастҳои матбуотӣ

61 ҳазор нафар бо оби нӯшокӣ таъмин мешаванд

№29 (4612) 24.02.2023

ЧОМИДар ин бора раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Сафармаҳмад Раҳимзода 16-уми феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Зикр гардид, ки ин тадбир бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва маблағгузории шарикони рушд амалӣ мегардад.

Бино ба қавли раиси ноҳия, маб­лағи лоиҳа 15 миллион доллари амрикоӣ буда, он дар ду соли оянда амалӣ хоҳад шуд.

- Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 187 ҳазор аҳолӣ дорад ва сокинон аз таъминоти оби нӯшокӣ мушкилӣ доштанд. Баъди амалишавии лоиҳа шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ пурра ва се Ҷамоати деҳоти дигар қисман, 24 соат бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин мегарданд, — гуфт С. Раҳимзода.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

 «Садои мардум»