Аз нишастҳои матбуотӣ

62 ҳазору 254 сомонӣ. Маблағе, ки суд барои нақзи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯёнид

№25 (4608) 15.02.2023

Кум Забон (1)Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода 9-уми феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ аз риоя нашудани «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» нигаронӣ кард.

Соли гузашта бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ба тасвиб расид, ки Кумитаи забон ва истилоҳот онро дар шакли китобча аз чоп бароварда, дастраси идораву муассисаҳо намуд. Қоида ва аломатҳо тавассути телевизион ҳам шарҳу тавзеҳ дода шуданд, вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар бисёр вазорату идораҳо, ҷамъиятҳои саҳомии кушода ҳоло ҳам аз қоидаҳои имлои пештара, ки аз эътибор соқит шудааст, истифода мешавад.

Ба гуфти раиси кумита, ин омил ҳоло дар коргузорӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ духӯрагиро пеш овардааст. Таъкид гардид, ки ин муддат кормандони кумита овезаҳои тарғиботии соҳибкорони инфиродиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Маълум шуд риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бештар дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд ба назар мерасанд.

Соли 2022 аз ҷониби мақомоти судӣ барои риоя нагардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 78 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ шуда, 68 ҳазору 23 сомонӣ ҷарима таъин гардид. Аз ин маблағ 62 ҳазору 254 сомонӣ рӯёнида шуд.

Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум»