Аз нишастҳои матбуотӣ

62300 истилоҳ бобати корбурд ба идораю муассисаҳо пешниҳод шуд

№23 (4443) 19.02.2022

DSC_6832Дар ин бора 14 феврали соли 2022 раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти наз­ди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илм­ҳои филология Олимҷон Муҳаммадҷонзода зимни нишасти матбуотӣ маълумот дод.

- Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 фаъолиятро дар асоси супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020 — 2030» ва «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» ба роҳ мондааст, — гуфт ӯ ва афзуд: — Дар давраи ҳисоботӣ кумита дар ҳамкорӣ бо кормандони Муассисаи давлатии телевизиони «Душанбе» ва Муассисаи давлатии телевизиони «Тоҷикистон» оид ба санҷиши вазъи номгузорӣ ва навиштаҷоти ғайримеъёрии марказҳои хизматрасонӣ ва нуқтаҳои савдои шаҳри Душанбе якчанд рейди муштарак гузаронид. Дар натиҷа, ба 6 соҳибкори инфиродӣ санади огоҳӣ тартиб дода шуд. Ҳамчунин, кумита соли 2021 ба 80 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ хулосаи экспертизаи забоншиносӣ ва ҳамгунсозии истилоҳот ва ба 28 санади судӣ хулосаи экспертизаи забоншиносӣ пешниҳод намуд.

Дар кумита номгузории 17 муассисаи таълимӣ ва 46 номи ташкилоту муассиса, номи майдон, номи кӯча низ аз лиҳози экспертизаи забоншиносӣ ва танзими истилоҳот дар робита ба муқаррароти қонуни забон мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба 65 номгузорӣ хулоса пешниҳод гардид.

Кумита соли гузашта 560 маводи ташкилоту муассисаҳои рекламаистеҳсолкунанда ва соҳибкорони инфиродиро ҷиҳати забони матни ангораҳо ва навиштаҷоту овезаҳои рек­ламавӣ мавриди баррасӣ қарор дода, онҳоро ба талаботи қонунгузории кишвар мутобиқ намуд.

Яке аз самтҳои фаъолияти кумита ташвиқу тарғиби сиёсати давлатии забон ба шумор меравад, ки дар ин замина мувофиқи нақшаи чорабиниҳо 10 чорабинии сатҳи гуногун гузаронида шуд. Аз ҷумла, ду конференсияи ҷумҳуриявӣ ва силсилачорабиниҳои сатҳи минтақавӣ ба ифтихори санаҳои муҳими таърихӣ баргузор намуд, ки дар онҳо намояндагони вазорату кумитаҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвар иштирок ва маърӯза намуданд.

Зикр гардид, ки кумита 3 ноябри соли 2021 таҳти унвони «Муаррифӣ ва шарҳи «Қоидаҳои имло ва аломатҳои китобатии забони тоҷикӣ» бо ҷалби олимони забоншинос, намояндагони вазорату кумитаҳо ва воситаҳои ахбори омма семинари машваратӣ баргузор намуд. Инчунин, соли 2021 мутахассисони кумита дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, молия, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва ғайраҳо дар 33 семинару конференсия оид ба омӯзиши «Қоидаҳои илмо ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» суханронӣ намуданд.

Тиллои НЕКҚАДАМ,

«Садои мардум»