22-юми июли соли ҷорӣ директори филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Кӯлоб Темур Табарзода зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб се лоиҳа барои кам намудани талафот ва бо барқ таъмин намудани муштариён амалӣ гардид. Инҳо лоиҳаҳои «Кам намудани талафоти неру дар вилояти Хатлон», «Электрификатсияи деҳот» ва «Таҳкими устувории иҷтимоӣ» мебошад.
- Дар доираи лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот» 64 деҳаи навбунёди ноҳияҳои Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Шамсиддин Шоҳин бо барқ таъмин мегарданд, — гуфт ӯ.
Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз низоми энергетикӣ 663 млн. 401 ҳазору 224 кВт/соат барқ қабул гардида, ба истеъмолкунандагон 445 млн. 095 ҳазору 174 кВт/соат барқ расонида шуд. Т. Табарзода дар идомаи нишасти хабарӣ гуфт, ки талафоти барқ дар ин давра 204 млн. 738 ҳазору 085 кВт/соатро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50 млн. 352 ҳазору 135 кВт/соат кам мебошад.
Ҷамъоварии маблағи неруи барқ 128 миллиону 678 ҳазору 448 сомониро ташкил дод, ки 80,68 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Аз ҷониби аҳолӣ 63 миллиону 971 ҳазору 534 сомонӣ пардохт гардидааст, ки 91,98 фоизи нақша аст.
Қарз барои истифодаи барқ дар минтақаи Кӯлоб ба 30 миллиону 806 ҳазор сомонӣ расида бошад ҳам, бо кӯшиши кормандони Шабакаҳои барқи шаҳру минтақаи Кӯлоб дар ин давра 13 миллион сомонӣ кам шудааст.
Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ нисбат ба 2649 нафар ба маблағи 2 миллиону 983 ҳазору 363 сомонӣ санади қоидавайронкунӣ тартиб дода, аз ин 924 ҳазору 546 сомонӣ пардохт шуд.
И. РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»