Аз нишастҳои матбуотӣ

65507 парванда баррасӣ шудааст

№88 (4194) 21.07.2020

DSC_5980- Дар нимсолаи якуми соли 2020 ба мақомоти судӣ, дар маҷмӯъ, 73382 парванда ва дархосту пешниҳод ворид ва аз ин шумора 65507 адади он моҳиятан баррасӣ гардид, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ 20 июли соли равон раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён.

Ӯ афзуд, ки аз шумораи умумии парвандаҳои дар марҳилаи якум баррасигардида 6418 ададашро парвандаҳои гражданӣ, 19419 -  оилавӣ, 4387 — ҷиноятӣ, 25385 — ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 623 -7 дархости мақомоти тафтишоти пешакӣ, пешниҳодҳои муассисаҳои ислоҳӣ ва Хадамоти иҷро ташкил медиҳанд. Риоя нагардидани муҳлати баррасии 145 парванда ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24 адад кам мебошад.

- Ҳамчунин, аз ҷониби судҳо 322 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ ва нисбат ба 319 нафар ба маблағи умумии 1405490 сомонӣ ҷарима татбиқ шудааст. Дар робита ба риоя  нагардидани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 8517 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, 3203 нафар огоҳонида, 4140 нафар ба маблағи умумии 666455 сомонӣ ҷарима шудааст. Инчунин, 7626 парвандаи гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ гардиданд, — иброз намуд раиси Суди Олӣ.

Ш. АБДУЛВОҲИДОВА,  

«Садои мардум»