29-уми январи соли 2024 зимни нишасти матбуотӣ директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Усмон Давлатзода иброз намуд, ки соли 2023 аз тарафи корхонаҳои тобеи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ба аҳолӣ ба маблағи 207 миллиону 823,3 ҳазор сомонӣ хизматҳои гуногуни коммуналӣ расонда шуд.
Мувофиқи маълумоти пешакӣ, корхонаҳои тобеи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» соли 2023 ба суратҳисоби мақомоти андози шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 47 миллиону 130 ҳазор сомонӣ ворид намудаанд. Соли 2023 аз тарафи корхонаҳои коммуналии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ободонию кабудизоркунӣ ба маблағи 49 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ба иҷро расонда шуд, ки 95 фоизи иҷрои нишондиҳандаҳои пешбинишударо дар бар мегирад.
Ҳамчунин, номбурда иттилоъ дод, ки корхонаҳои обтаъминкунӣ ва рафъи обҳои партови КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» соли 2023 таъминоти оби нӯшокиро ба 59 миллиону 966 ҳазор метри мукааб расонда, 20 миллиону 532, 7 ҳазор метри мукааб партовобҳои онҳоро бароварданд. Маблағи хизматрасонӣ 103 миллиону 209 ҳазор сомониро дар бар мегирад. Аз аҳолии ҷумҳурӣ 66 фоиз, ё ин ки 6 миллиону 741 676 нафар бо оби нӯшокии мутамарказонидашуда таъмин мебошанд, ки нисбат ба соли 2018 як миллиону 618 ҳазор нафар зиёд мебошад.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,
«Садои мардум»