Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода 28 июл зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар вазорату идора, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои идораи барномаҳои аз тарафи ташкилотҳои байналхалқии молиявӣ маблағгузоришаванда, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 505 тафтишу санҷиш гузаронида шуд, ки дар натиҷа 225,3 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид.
- Дар доираи тафтишу санҷишҳои молиявӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 429 парванда бо маблағи умумии зарари молиявӣ дар ҳаҷми 141,5 миллион сомонӣ баҳри андешидани чораҳои қонунӣ фиристода шуд. Аз маблағи умумии зарари молиявӣ хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 11,7 миллион сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 19,5 миллион сомонӣ, изофанависӣ дар таъмиру сохтмон 33,1 миллион сомонӣ, зарар аз фурӯш ва ба иҷора додани амволи давлатӣ 1,2 миллион сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ аз бесарусомонӣ 67 миллион сомонӣ ва маблағи кам ҳисобгардидаю рӯйпӯшнамудаи андозҳо 92,7 миллион сомониро ташкил медиҳад. Айни ҳол 151,2 миллион сомонӣ ба манфиати давлат барқарор карда шуд, ки 67,1 дарсади зарари ошкоршударо ташкил медиҳад, — изҳор дошт номбурда.
Сулаймон Султонзода, ҳамчунин қайд кард, ки дар давраи ҳисоботӣ 1218 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд ошкор шудааст, ки 417 адади онро ҷиноятҳои вазнин ташкил медиҳанд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»