- Соли гузашта нақшаи андоз ва дигар даромадҳо барзиёд иҷро гардида, ба ҷойи 35 миллиону 483 ҳазор, 36 миллиону 562 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид шуд. Маблағҳои субвенсионии аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ таъминшуда 21 миллиону 720 ҳазор сомониро ташкил дода, қисми хароҷоти буҷет 98,7 фоиз иҷро гардид, — гуфт раиси ноҳияи Шаҳринав Ҷаббор Носирзода зимни нишасти матбуотӣ ва афзуд: — Маблағи умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама шакли хоҷагидорӣ 388 миллиону 162 ҳазор сомониро дар бар гирифта, нисбат ба соли 2019-ум 28 миллиону 293 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Носирзода Ҷаббор, ҳамчунин, гуфт, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бояд 442 иншоот бунёду мавриди истифода қарор дода шавад.
Аз ҷониби бахши давлатӣ ва хусусӣ то ҳол 305 иншооти таъиноташон гуногун ба маблағи 42 миллиону 642 ҳазор сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Ёқуби СОДИҚ,
«Садои мардум»