Соли 2019 воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 2154 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқамандро ошкор намуданд, ки 644 адади он ба гурӯҳи ҷиноятҳои вазнин шомиланд. Дар ин бора ёздаҳуми феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ доданд.
Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода иброз дошт, ки аз шумораи умумии ҷиноятҳои ошкоршуда дар 572 ҳолат қаллобӣ, 345 азонихудкунӣ ва исрофкорӣ, 231 тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда ва ғайриқонунӣ додану гирифтани кредит, 230 сохтакории хизматӣ, 156 ғайриқонунӣ додани қитъаи замин, 107 гирифтану додани пора, 73 суиистифода ва баромадан аз ваколатҳои мансабӣ, 21 қочоқ, 16 ҳолати саркашӣ аз пардохти андозҳо ва 403 адад дигар ҷиноятҳо мебошанд.
Бино ба маълумоти пешниҳодшуда, соли гузашта аз ҳама бештар соҳибкорони инфиродӣ даст ба ҷинояти хусусияти коррупсионидошта задаанд.
- Таҳлилҳо нишон доданд, ки соли 2019 аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ 403 ҷиноят, субъектҳои хоҷагидори ғайридавлатӣ — 359, соҳаи бонкӣ — 273, кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ — 249, соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ — 135, маориф ва илм — 122, кумитаи замин ва геодезӣ — 87, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ — 64, кишоварзӣ — 32, ШСХК «Барқи Тоҷик» — 32, андоз — 19, нақлиёт — 17, меъморӣ ва сохтмон 8 ҷиноят содир шудааст, — гуфт Сулаймон Султонзода.
Соли сипаришуда аз тарафи Агентӣ 684,8 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор ва 280 млн. сомонии он (40,9 фоиз) барқарор шуд.
М. УСМОН, «Садои мардум»