- Дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе донишҷӯён аз рӯйи 6 равияи таълимӣ, аз ҷумла математикаи амалӣ ва информатика, химия, физика ва механикаи мавод, геология, идоракунии давлатӣ ва мунисипалӣ, муносибатҳои байналхалқӣ ва лингвистика омода мегарданд, — гуфт директори филиал Рустам Ғаниев 16-уми феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ ва афзуд, ки соли сипаришуда 95 нафар донишгоҳро хатм кардаанд.
Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти филиал рушди содироти хизматрасониҳои таълимӣ мебошад, ки дар доираи он зиёдкунии пайдарҳами миқдори донишҷӯёни хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин давра 34 донишҷӯи хориҷӣ таҳсил намуда истодаанд, ки 7,5 фоиз аз теъдоди умумии донишҷӯёнро ташкил медиҳанд.
Маълумот гирифтем, ки дар филиал литсей аз рӯйи равияи илмҳои табиӣ, ки 1-уми сентябри соли 2012 кушода шуд, амал мекунад. Раванди таълим дар литсей мувофиқи марҳилаҳои дуюм ва сеюм сурат мегирад ва он барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти миёнаи умумиро амалӣ менамояд, ки тибқи иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёрии иловагии хонандагонро аз фанҳои табиӣ ва риёзӣ пешбинӣ кардааст.
Мафтунаи ҲИСОРӢ,
«Садои мардум»