Олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли равон барои дастовардҳои илмиашон 7 патент, 3 нахустпатент ва 3 қарори мусбат оид ба гирифтани нахустпатент ба даст оварданд. Дар ин бора президенти АМИТ Қобилҷон Хушвахтзода дар нишасти матбуотӣ 1-уми август иттилоъ дод.
Зикр шуд, ки ин муддат олимони соҳаҳои химия, математика, таърих, геология ба натиҷаҳои назарраси илмӣ ноил шуданд.
Олимони астрофизика бо истифода аз технологияи муосири компютерӣ метеорҳо, кометаҳо, астероид ва пораҳои ҳамсафари сунъии Заминро мушоҳида карда, астероидҳои наздизаминии табиати кометавидоштаро ошкор намуданд, ки натиҷаи ин таҳқиқот барои бартараф намудани хатари астероидҳову кометаҳо ба Замин ва киштиҳои кайҳонӣ муҳим мебошанд.
Олимони Институти химияи ба номи В.И. Никитини АМИТ дар ҳамкорӣ бо кафедраи бемориҳои сироятии Донишгоҳи давлатии тибии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар Беморхонаи клиникии сироятии шаҳри Душанбе таҷрибаҳои клиникӣ оид ба истифодаи пектини себ ҳамчун маводи ёрирасон ва кам кардани зарари антибиотикҳоро бомуваффақият гузаронданд. Истифодаи ин доруҳо оянда барои тадбиқ дар дигар муассисаҳои тиббӣ ва ба роҳ мондани истеҳсол тавсия шуд. Олимони соҳа, инчунин, усулҳои нави ташхиси доруҳои метронидозол ва сипрофлоксатсинро дар моеъҳои биологӣ пешниҳод намуданд.
Институти физикаю техникаи ба номи С. Умаров ва Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловский дар ин давра бо дастгоҳҳои ҷадиди лабораторӣ таъмин шудаанд.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»