Зимни нишасти матбуотӣ 15-уми феврал раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён зикр намуд, ки соли 2023 аз ҷониби судҳо, дар маҷмӯъ,137950 парванда баррасӣ гардид, ки бештар аз 45 ҳазори он парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, 45442 парвандаи оилавӣ, 13085 парвандаи маданӣ ва 11347 парвандаи ҷиноятӣ мебошанд.
- Соли сипаригардида дар самти амалисозии талаботи қонунҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» корҳои зиёд амалӣ гардида, нисбат ба вайронкунандагони қонуни мазкур 15 445 парванда баррасӣ гардид. Аз шумораи умумии парвандаҳо 14187 адади он нисбат ба 14196 шаҳрванд бо баровардани қарор анҷом дода шуда, нисбат ба 8744 нафар ба андозаи 1 миллиону 803 ҳазору 942 сомонӣ ҷарима таъйин, 3 ҳукми сафедкунанда ва 7 ҳукми якумра аз озодӣ маҳрум сохтан содир карда шуд, — афзуд Ш. Шоҳиён.
Нисбат ба вайронкунандагони Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 826 парванда баррасӣ шуда, 818 шаҳрванд ба маблағи 4 миллиону 689 ҳазору 502 сомонӣ ҷарима шуданд.
Н. НИЗОМӢ,
«Садои мардум»