- Дар нимсолаи аввали соли равон нақшаи қисми даромади буҷет дар ноҳияи Фархор 103,6 фоиз таъмин гардид. Ба ҷои 21 миллиону 284 ҳазор сомонӣ ба буҷет 22 миллиону 057 ҳазор сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 772,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора Зариф Назирӣ, раиси ноҳияи Фархор 25 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Айни замон дар ноҳияи Фархор 7372 субъекти андозсупоранда ба қайд гирифта шуданд, ки аз ин 1225 нафар шахси ҳуқуқӣ, 4825 хоҷагии деҳқонӣ, 1014 соҳибкори инфиродии бо патент фаъолияткунанда ва 308 соҳибкори тибқи шаҳодатнома амалкунанда мебошанд.
Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар давраи мавриди назар ба 84118,5 ҳазор сомонӣ расида, дар ноҳия 26 корхонаи саноатӣ фаъолият мекунанд.
Зикр шуд, ки кишоварзон ноҳия дар ин давра -истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро ба 460467,7 ҳазор сомонӣ расониданд, ки 108,4 фоизи нақшаро ташкил дод. Аз он қаноатмандӣ шуд, ки кишоварзони ноҳия дар 12 ҳазору 964 гектар ғалладонагӣ кишт карданд.
Нақшаи кишти такрорӣ 9036 гектарро ташкил дода, то имрӯз 8591 гектар кишт шуд.
- Масъулин ният доранд, ки то охири соли 2022 беш аз 700 гектар замини бекорхобидаро ба гардиши кишоварзӣ ворид намоянд, — гуфт Зариф Назирӣ.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»