Аз нишастҳои матбуотӣ

7330 ҳолати нақзи қонунгузории замин ошкор гардид

№96 (4836) 05.08.2024

5Дар шаш моҳи аввали соли равон аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳал 7330 ҳолати нақзи қонунгузории замин ошкор гардида, барои бартараф намудани ҳолати ошкоршуда 6588 дастур содир шудааст. Ин нуктаро раиси кумита Ориф Хоҷазода 29-уми июл зимни нишасти матбуотӣ зикр кард.

Бино ба гуфти ӯ, нисбат ба 6634 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода, ашхоси гунаҳкор 3 миллиону 999 ҳазору 371 сомонӣ ҷарима шудаанд. Аз он 2 миллиону 936 ҳазору 487 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси кумитаҳои идораи замин ворид гардидааст. Ҳамчунин, барои додани баҳои ҳуқуқӣ 656 мавод ба прокуратура ва 378 мавод барои ба таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба Хадамоти иҷро ирсол шудааст. Инчунин, 5188 (70 дарсад) ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳалҳо бартараф гардид.

Ш. АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»