Аз нишастҳои матбуотӣ

№23 (4443) 19.02.2022

DSC_1763Дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 11 феврали соли равон нишасти матбуотӣ доир шуд. Раиси кумита Абдулло Раҳмонзода изҳор намуд, ки соли гузашта дар ҳамкорӣ бо вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳои кишвар ҷиҳати таъмини иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат беш аз 20 ҳазор чорабинӣ баргузор гардид. Дар самти ба шуғл фаро гирифтани ҷавонон — 960, таъмини тарзи ҳаёти солим — 3289 ва барои таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонон 1597 чорабинӣ баргузор ва ҷиҳати мусоидат ба таъмини мустақилияти иқтисодии ҷавонон 227 семинар-машварати иттилоотӣ, омӯзишӣ, инчунин, форум, конференсия ва озмунҳо доир шуданд.

То 1 январи соли 2021 дар мамлакат 10218 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 122 варзишгоҳ, 7326 майдонча, 1829 толори варзишӣ, 96 ҳавзи шиноварӣ ва 40 маҷмааю марказҳои солимгардонӣ вуҷуд дошта бошад, пас соли гузашта дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 227 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 7 варзишгоҳ, 163 майдонча ва 49 толори варзишӣ, 4 ҳавзи шиноварӣ ва 4 маҷмааи варзишию маркази солимгардонӣ бо харҷи зиёда аз 118 миллиону 56 ҳазор сомонӣ сохта шуд.

- Соли сипаришуда 966 варзишгари тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, ба хазинаи варзишии мамлакат 398 медал ворид намуданд, ки 103 адади онро медали тилло, 121 адади дигарро медалҳои нуқра ва боқимондаро биринҷӣ ташкил медиҳад, — иттилоъ дод А. Раҳмонзода.

Н. НИЗОМӢ,

 «Садои мардум»