Бисту ҳаштуми июли соли равон нишасти матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Директори он Сулаймон Султонзода гуфт, ки дар шаш моҳи аввали соли 2021 дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 500 тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронида, 235,8 млн. сомонӣ зарари молиявиро ошкор намуданд. Маълум гардид, ки тавассути чораҳои андешидашуда аз ин маблағ 178,4 млн. сомонӣ ё 75,7 фоиз барқарор шудааст. Аз маблағҳои рӯёнидашуда 49,5 млн. сомонӣ ба буҷети давлатӣ ва 128,9 млн. сомонӣ ба корхонаву муассисаҳо рост меояд.
- Аз нишондиҳандаи зикршуда хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 9,6 млн. сомонӣ, камомад ва тасарруф — 11,5 млн., изофанависӣ дар таъмиру сохтмонӣ — 75,4 млн., зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ — як млн., талафи воситаҳои пулию молӣ 114 млн. сомонӣ, маблағи кам ҳисобшуда ва рӯйпӯшгардидаи андозу пардохтҳои ҳатмӣ 24,1 млн. сомониро ташкил менамояд, — изҳор дошт номбурда.
Инчунин, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи ниҳоди зикршуда 1211 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқамандро нисбат ба 788 нафар ошкор намуданд, ки 470 адади он ба гурӯҳи ҷинояти вазнин дохиланд.
Бино ба гуфти Сулаймон Султонзода, аз шумораи умумии ҷиноятҳои ошкоршуда 171 ҷинояти азонихудкунӣ ва исрофкорӣ, 122 — марбут ба тасарруфи пулу моли ба тариқи қарз додашуда ва ғайриқонунӣ додану гирифтани қарз, 333 — қаллобӣ, 8 — қочоқ, 21 — соҳибкории ғайриқонунӣ, 4 — саркашӣ аз супоридани андоз, 41 — вобаста ба гирифтану додани пора, ришвадиҳии тиҷоратӣ ва гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ, 48 — суиистифода ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, 119 — сохтакории хизматӣ, 54 — оид ба ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ва 290 адад дигар ҷиноятҳо мебошад.
Сулаймон Султонзода, ҳамчунин, иттилоъ дод, ки ба Агентӣ ҷиҳати аз экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ гузаронидан 505 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ворид шудааст, ки онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар 77 лоиҳа омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор гардида, баҳри бартараф намудани камбудиҳо ба мақомоти таҳиякунанда бозпас гардонида шуд.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,
«Садои мардум»