Санаи 15 — уми августи соли 2023 дар Прокуратураи генералӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Прокурори генералиии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал — полковники адлия Юсуф Раҳмон, ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвар роҷеъ ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти прокуратура дар нимсолаи якуми соли 2023 ба тариқи муфассал иттилоъ дод.
Аз ҷумла, изҳор дошт, ки мақомоти прокуратура дар ин марҳила дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мубориза бо ҷинояткорӣ, манфиатҳои давлат ва ҷамъият корҳои муайянеро анҷом додааст. Дар ин давра вобаста ба самтҳои назорати прокурорӣ 4342 санҷиш гузаронида, аз натиҷаи онҳо 2481 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, 38 893 нафар ба ҷавобгариҳои интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, 773,9 миллион сомонӣ зарар барқарор карда шудааст. Инчунин, 30 513 санадҳои дигари эътиноии прокурорӣ қабул карда шудааст. Дар асоси амрҳои прокуророн 12 406 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шуд. Дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 11 612 ҷиноят ба қайд гирифта шудаст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 870 ё 6,9 фоиз кам буда, прокуророн дар баррасии 4608 парвандаи ҷиноятӣ, 5627 парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ ва маъмурӣ дар судҳо иштирок намуданд.
Сипас, рӯзноманигорон аз бобати парвандаҳое, ки хусусияти коррупсионӣ доранд, аз ҳолати кунунии ҷиноятҳои таъиноти террористӣ — экстремистӣ дошта, ҷиноятҳои аз тарафи баъзе аз намояндагони миллати мо дар хориҷи кишвар вусъатёфта, одамрабоӣ, ҷинояткорӣ миёни ноболиғон, махсусан, муноқишаҳо байни мактаббачагон, зӯроварӣ ё хушунати хонаводагӣ, ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, хусусан, саддамаи мудҳиши чанд рӯз қабл дар шаҳри Кӯлоб рухдода, боздошти ашхоси алоҳида, ки ба содир кардани ҷиноятҳои мухталиф гумонбар шудаанд, кирдору амалҳои ношоистаи тоифае аз хоинони миллат, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста ба фитнаангезию тафриқаандозӣ машғуланд ва бисёр масоили дигари марбути соҳа суолҳо пешниҳод намуданд…
Хабарнигорон дар нишасти матбуотӣ ба тамоми суолҳои хеш посухҳои қаноатбахш гирифтанд.
Ш. ҲУСЕЙНЗОДА,
«Садои мардум»